Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Шӯрои Парасторон, Доктор Шамш Кассим Лакҳа
Меҳмонони муҳтарам,
Номи ман Мирзонабот Мирзонаботов ва ман аз деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим ҳастам. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрик мегӯям.
Ман хеле хушҳолам, ки дар ин рӯзи таърихӣ, дар ин маросими таърихӣ аз ин минбар аз номи ҳамсабақони худ суханронӣ мекунам. Баъд аз он рӯзе, ки ман номаи Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар бораи дохил шудан гирифтам, Донишгоҳ маро ҳамчун узви оилаи худ пазируфт. Шароити тахсил дар Донишгоҳ аз мо донишҷўён ба таври комил аз худ намудани тамоми барномаҳои таҳсилро таќозо мекунад. Рўзҳои аввали таҳсил собит намуданд, ки бе таваҷҷўҳи махсусу масъулиятнок ба таҳсил расидан ба ќуллаи маќсуд имконнопазир аст. Аз ин рў, мо донишҷўён ба Шумо Ҷаноби Олӣ ҳамчун Ҳомии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ваъда медиҳем, ки баъд аз хатми Донишгоҳ ба Ватани азизамон содиќона хизмат намуда онро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем.
Ҳоло иҷозат диҳед, ки интизороти худро аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба шумо бигӯям. Ман интизор дорам, ки бо гузашти солҳо Донишгоҳи мо мутахассисони соҳибкасбро омода мекунад, ки минбаъд метавонанд пайвандгари муносибатҳои судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон гарданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Ҳомии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ,Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Оғохон барои таъсиси ин Донишгоҳ изҳори сипос кунам.
Ташаккури зиёд!