You are here

You are here

  • Front entrance of the newly inaugurated Dushanbe Serena Hotel in Tajikistan.
    AKDN / Gary Otte
Президент Раҳмон ва Оғохон меҳмонхонаи Серена Душанберо ифтитоҳ менамоянд

Таҷассуми фарҳанг ва анъанаҳои тоҷикӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ

Душанбе, 1 ноябри соли 2011 - Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Оғохон, муассис ва раиси Шабакаи рушди Оғохон (ШРО) имрӯз меҳмонхонаи Серена Душанберо ифтитоҳ намуданд.

Маросими ифтитоҳ дар толори банкетии Миллати меҳмонхона бо иштироки шоҳзода Амин Оғохон, директори иҷроияи ФОРИ (AKFED), шоҳзода Раҳим Оғохон, писари калонии Волоҳазрат Оғохон ва шахсони воломақом аз ҳукумат ва шохаҳои рушд ва сайёҳӣ баргузор гардид.

“Кушодашавии меҳмонхонаи Серена Душанбе дар маркази пойтахт, тарҳи меъмории он, ки мероси фарҳанги мо ва унсурҳои замонавии тарроҳиро муттаҳид месозад, дастоварди назаррас мебошад”, қайд намуд Президент Раҳмон ва ба Волоҳазрат Оғохон, оҷонсиҳои Шабакаи Оғохон оид ба рушд ва “ҳамаи меъморон, тарроҳон, муҳандисон ва кулли онҳое, ки дар сохтмони ин сохтори замонавӣ фаъолона иштирок доштанд” изҳори сипос намуд.

Оғохон изҳори уммедворӣ намуд, ки меҳмонхона ба “бандаргоҳи шодбошӣ“ барои “тоҷирон, бонкдорон, тарроҳон ва мудирони корхонаҳои тиҷоратӣ , маъмурони давлатӣ ва дипломатҳо, роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сайёҳон, таътилкунандагон, ҳунармандон ва нависандагон, одамони касбу кори гуногуни гӯшаҳои дуру наздики ҷаҳон” мубаддал мегардад. Бо ёдоварӣ аз таърихи роҳи абрешим, ӯ қайд намуд, ки “ҳамаи онҳо ҳангоми ташрифи худ, дар бораи иқтидори ҷолиби ин кишвар ва минтақа хоҳанд омӯхт ва ҳатто баъзеи онҳо то ҳадде хоҳиши дар ин ҷо муқим шуданро пайдо мекунанд. Оё дар замони роҳи абрешим чунин набуд?”

Дар маркази пойтахти кишвар, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шуда, меҳмонхона як қисми кори доманадори Шабакаи Оғохон оид ба рушд аст, ки як қатор фаъолиятҳои рушди ғайритиҷоратиро дар Тоҷикистон, аз молияи хурд то шаҳраки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва сармоягузориҳои интихобшудаи тиҷоратӣ ба шумули меҳмонхонаи Серена ва лоиҳаи гидроэнергетикӣ, Памир Энерҷи, дар бар мегиранд, ки бо ҳадафи эҷоди зерсохтор барои рушди иқтисодӣ тарҳрезӣ шудаанд. Маблағҳои изофии Хазинаи Оғохон барои рушди иқтисодӣ ба фаъолиятҳои рушди минбаъда дубора маблағгузорӣ мешаванд.
Меҳмонхона, ки сохтмонаш 58 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад, дар авҷи давраи сохтмон беш аз 300 мардуми тоҷикро ба кор ҷалб кардааст. Ҳоли ҳозир дар он наздики 200 корманд кор мекунанд, ки наваду се дарсади онҳо тоҷиконанд ва тақрибан 300 одамонро бавосита дастгирӣ менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон, Дойч Инвеститсионз унд Энтвинглунгсгесселшафт эмбиАйтч (Deutsche Investitions und Entwicklungsgesellschaft mbH - DEG) ва Корпоратсияи байналмилалии молия барои сохтмони меҳмонхонаи Серена Душанбе бо Хазинаи Оғохон барои рушди иқтисодӣ (AKFED) ҳамкорӣ кардаанд.

Инчунин Шоҳзода Амин дар тантанаи ифтитоҳ ба меҳмонон муроҷиат намуда нияти «мавқеи меҳмонхонаи Серена Душанберо ҳамчун моликияти асосии меҳмонхона дар ин кишвар тавассути фарогирии таркиби тарҳрезии тоҷикии дорои самимияту меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон, бо таъмини сатҳҳои баландтарину сифати хидматрасонӣ ба меҳмонони байналмилалӣ ё хориҷӣ ва сайёҳон, ҳамчунин худи шаҳрвандони Тоҷикистон» таъкид намуд.

ӯ ба таҳқиқоте, ки дар бораи лаҳҷаи махсуси ҳунармандони кишвар ва ифодаҳои фарҳангии он бо кӯшиши «канораҷӯӣ кардан аз лаҳҷаи меъмории хориҷӣ, ки ба намои меъмории ҳоло дар ҳама ҷо писандомада хос аст» ташдид гузошта, қайд намуд: «Ман орзу дорам, ки аз қаламкории рӯи шишаи ин бино то ангораҳои печидаву мураккаби рӯи дуворҳо ва тарҳрезиҳову ороишоти сартосарии бито то либосҳои кормандоне, ки мо хоҳем дошт, мояи аслии тоҷикон ва рангҳову фарҳанги ин кишварро дар шакли воқеиву аслӣ намоиш медиҳанд. Мо аз ҳамкории бисёр ҳунармандони соҳиблаёқат ва сахткори маҳаллӣ кӯмаки бузург гирифтем. Ҷидду ҷаҳд ва эҷодкории онҳо ба мо илҳом бахшид. Онҳо обрӯву эътибори ин кишваранд».

Меҳмонхона меъмории муосирро бо мероси бойи фарҳанги анъанавии Тоҷикистон муттаҳид менамояд. Илҳоми хос Чойхона – иморати анъанавии чойнӯшӣ бо сохтори сутуни баланду мавзун, сақфҳои зиндаи дорои рангу ороишоти дастӣ ва дарҳои чӯбии кандакории таърихии машарабийя аст. Чойхона ба рӯбарӯи боғи дорои канали марказии об бо услуби анъанавии чорбоғ боз мешавад. Ҳар як фазои дохилии меҳмонхона ёдраскунандаи анъанаи бойи фарҳангии кишвар аст. Ҳунарҳои маҳаллӣ мисли гили кандакорӣ ё намунаҳои матои ганҷ, икат ё абр сӯзанӣ дар матои абрешим, ангораву тасвирҳои деворӣ аз ҷониби ҳунармандони маҳаллӣ, гилемҳои дорои шаклҳои набототии рангоранг ва сақфҳои зиндаи дорои рангу ороишоти дастӣ барои эҷоди самимият аз меҳмоннавозии тоҷикон тарҳрезӣ шудаанд.

Меҳмонхонаи Серена Душанбе, ки аз ҷониби ширкати маъруфи меъморӣ ва тарҳрезии дохилии Le Groupe Arcop-и Канада тарҳрезӣ шудааст, 85 утоқи дараҷаи олӣ (люкс) ва сюитҳо, инчунин 10 апартаментҳои хидматрасонӣ барои иқомати дарозмуддат ва 10 утоқҳои кориро (офисҳо) пешниҳод менамояд ва дорои толорҳои конфронсӣ, мағозаҳо, тарабхонаҳо, толори варзишии замонавӣ, утоқи солимгардонӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар болои бом мебошад.
Меҳмонхонаҳои Серена зарфияти меҳмонхонадориро дар манотиқи дорои хидматрасониҳои нокофӣ, аввалан дар Африкаи Шарқӣ ва Покистон, ба наздикӣ дар Афғонистон ва Тоҷикистон бунёд менамояд. Ҳамчун аъанаҳои рушди ФОРИ, Серена ҳам иншооти тиҷоратӣ ва инчунин барномаи рушд ба ҳисоб меравад. Меҳмонхонаҳо ҳамон тавр тарҳрезӣ шудаанд, ки ба симати муҳаррики рушди иқтисодӣ ба воситаи эҷоди ҷойҳои кории маҳаллӣ ва рушди захираҳои инсонӣ, эҷоди сарчашмаҳо ва даромадҳои андоз хидмат мерасонанд. Аз оғози худ, Серена инчунин ҳассосиятҳои фарҳангӣ ва муҳитро ба инобат гирифтааст ва ба ин хотир соҳиби якчанд ҷоиза низ гардидааст. Портфолиои ҳозираи он 34 меҳмонхона, осоишгоҳ ва лоҷҳои сафариро дар даҳ кишвар – Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Танзания, Кения, Мозамбик, Сурия (дар ҳошияи рушд), Занзибар, Рванда ва Уганда дар бар мегирад.

Барои маълумоти бештар лутфан бо ашхоси зерин дар тамос шавед:
Сулҳия Ҳайдарова
Менеҷери фурӯш ва бозорёбӣ
Меҳмонхонаи Серена Душанбе
хиёбони Рӯдакӣ 14, ш. Душанбе, 734013, Тоҷикистон
Почтаи электронӣ: sulhiya.khaidarova@serena.com.tj  
Тел. мобилӣ: (992) 93 577 01 70

Семин Абдулло
Маъмури калони Иртиботот
Шабакаи рушди Оғохон
60270 Gouvieux, Фаронса
Тел: +33 3 44 58 40 00
Душанбе: +992 93 500-82-94
Почтаи электронӣ: semin.abdulla@akdn.org  

Тавзеҳот:
Волоҳазрат Оғохон Имоми меросии 49-уми (пешвои рӯҳонии) мусулмонони исмоилӣ буда, аз одамони аз нуқтаи назари қавмиву фарҳангии гуногун дар беш аз 25 кишвар дар сартосари олам таркиб ёфтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Ҳарвард дар соҳаи таърихи ислом, Оғохон ҳамчун Имоми Исмоилиҳо дар соли 1957 ба мақоми бобои худ муваффақ шудааст. ӯ асосгузор ва Раиси Шабакаи Оғохон оид ба рушд мебошад.

Шабакаи Оғохон оид ба рушд (AKDN) гурӯҳи аҷонсиҳои хусусии рушд буда, барои қудрат бахшидан ба ҷамоатҳову афрод, асосан дар авзоъи номусоид, барои такмил додани шароитҳову имкониятҳои зист, махсусан дар Афроиқои суб-Саҳара, Осиёи Марказиву Ҷанубӣ ва Шарқи Миёна кор мекунанд. Нӯҳ агентии Шабака барои некӯаҳволии умумии шаҳрвандон, новобаста аз ҷинс, асл ё мазҳаби онҳо кор мекунанд ва таъкиди қавм ғамхорӣ ба афроди осебпазири ҷомеа аст. Буҷаи солона барои фаъолиятҳои хайрхоҳона беш аз 300 миллион доллари амрикоист.

Рисолати ФОРИ (AKFED) сохтани корхонаҳои устувор аст, ки ба рушди иқтисодӣ саҳм мегузоранд ва дар минтақаҳое ҷойҳои корӣ эҷод менамоянд, ки ба сармоягузории бевоситаи хориҷӣ ниёз доранд. Он ҳамчун шабакаи идораҳо дар беш аз 90 ширкатҳои лоиҳавӣ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 30,000 одамон кор мекунанд ва дар 15 кишвари Осиёву Африқо фаъол аст: Афғонистон, Бангола, Буркина Фасо, Ҷумҳурии Демократии Конго, Кот-д-ивуар, Ҳиндустон, Кения, Мадагаскар, Мали, Мозамбик, Покистон, Сенегал, Тоҷикистон, Танзания ва Уганда.